Дидори чанд тан аз раисони маҷолиси кишварҳои ширкаткунанда дар Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Фаластин бо Рӯҳонӣ
(last modified 2017-02-22T13:00:01+00:00 )
Феврал 22, 2017 18:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори чанд тан аз раисони маҷолиси кишварҳои ширкаткунанда дар Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Фаластин бо Рӯҳонӣ

Раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон, бо раиси Маҷлиси Шӯрои миллии Фаластин ва раисони маҷолиси Уганда, Урдун, Малайзия, Лубнон ва Сурия дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Салим Алзаънун, раиси Маҷлиси Шӯрои миллии Фаластин гуфт: Эрон масъалаи Фаластинро дар садри масоили ҷаҳони ислом медонад ва барои ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин аз ҳеч талоше дареғ нахоҳад кард .

Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Баргузории Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин нишондиҳандаи иродаи тағйирнопазири Эрон барои ҳимоят аз мардуми Фаластин аст .

Салим Алзаънун, раиси Маҷлиси Шӯрои миллии Фаластин низ дар ин дидор бо ироаи гузорише аз вазъияти фаластиниҳо дар каронаи бохтарии Ғазза гуфт: Набояд ҳеч масъалае мавзуи Фаластин ва муқобила бо иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро таҳти шуоъ қарор диҳад .

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин дар дидори Ребекка Кадага, раиси Маҷлиси намояндагони Уганда иқдомоти режими саҳюнистиро бо ҳадафи фаромушии масъалаи Фаластин донист ва таъкид кард: Бо таваҷҷуҳ ба шароити минтақа ва ҷаҳон ҳамаи кишварҳо бояд ҳимояти худро аз миллати мазлуми Фаластин бо садои расотар эълом кунанд .

Рӯҳонӣ ҳамчунин равобити Эрону Угандаро рӯ ба ҷилав донисту гуфт: Бояд заминаҳои ҳузури ширкатҳои эронӣ дар Африқо ва бавижа Уганда бо тақвияти ҳамкориҳои муштараки бонкӣ, беш аз пеш муҳаё шавад .

Ребекка Кадага, раиси Маҷлиси намояндагони Уганда низ бо қадрдонӣ аз баргузории муваффақи нишасти Теҳрон гуфт: Мавзуи Фаластин мавзуи асосӣ ва муҳими ҳамаи кишварҳои исломӣ ва озодихоҳ аст .

Раиси қувваи муҷрияи Эрон ҳамчунин дар дидори Отиф Юсуф Солеҳ Алтарована, раиси Маҷлиси намояндагони Урдун гуфт: Эрон барои таъмиқи равобити дуҷониба ва ҳамфикрӣ ва ҳамкории муштарак бо Урдун дар ростои тақвияти субот ва амнияти минтақа омодагӣ дорад .

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Решаи умдаи мушкилоти минтақа ношӣ аз ишғолгарии саҳюнистҳо, мудохилаи Амрико аз ҷумла ишғоли Афғонистону Ироқ, талош барои эҷоди Ховари Миёнаи ҷадид ва таҳмили терроризм ба минтақа аз сӯи Амрикост .

Отиф Юсуф Солеҳ Алтарована, раиси Маҷлиси намояндагони Урдун низ дар ин дидор гуфт: Кишвараш илова бар густариш ва таъмиқи равобит бо Теҳрон дар ҳамаи ҳавзаҳо, тамоми талоши худро барои ҳимоят аз мардуми Фаластин бакор гирифтааст .

Рӯҳонӣ дар дидори Бандикор Амин Ҳоҷӣ Муло, раиси Маҷлиси Малайзия ҳам бо ишора ба иродаи ду кишвар барои тақвияти муносиботи Теҳрону Куала Лумпур, гуфт: Эрону Малайзия бояд дар заминаи масоили ҷаҳони ислом ва мавзуи Фаластин, ройзаниҳо ва ҳамкориҳои созанда дошта бошанд .

Бандикор Амин Ҳоҷӣ Муло, раиси Маҷлиси Малайзия низ дар ин дидор мавзуи Фаластинро барои уммати ислом ҳоизи аҳаммияти фаровон донист ва бар ҳамкории ҳарчи бештари ду кишвар дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳони ислом таъкид кард .

Раисҷумҳури Эрон дар дидори Наби Берри, раиси Маҷлиси Лубнон ҳам иродаи ҷумҳурии исломии Эронро эҷоди сулҳу субот дар минтақа, ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳамсоягон ва ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуд аз тариқи муфоҳима ва музокира донист .

Наби Берри, раиси Маҷлиси Лубнон низ дар ин дидор бо баёни инки Теҳрон ва Бейрут аз манофеъ ва душмани муштараке бархурдор ҳастанд, тасреҳ кард: Эрон ба иллати қарор гирифтан дар канори миллати Фаластин ва истодагӣ дар муқобили тавтеаҳои душманон, фишорҳои сангинеро таҳаммул мекунад .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ҳамчунин дар дидори Ҳадия Аббос, раиси Маҷлиси Сурия, ин кишварро хатти муқаддами муқовимат дар минтақа тавсиф кард ва гуфт: Ҳимояти ҷумҳурии исломии Эрон аз миллати Сурия то пирӯзии ниҳоӣ идома хоҳад ёфт .

Рӯҳонӣ барқарории сулҳу субот дар Сурияро ба нафъи Фаластин ва минтақа донисту ибрози умедворӣ кард, Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифоза Фаластин битавонад гоми муҳиме дар масири ҳаллу фасли масоили минтақа бардорад .

Ҳадия Аббос, раиси Маҷлиси Сурия низ дар ин дидор бо ишора ба аҳаммияти ҳамоҳангии Эрону Сурия дар муқобила бо терроризм гуфт: Кишвараш барои таҳкими муносиботи ҳамаҷониба бо Эрон аҳаммияти бисёр вижае қоил аст .

 

Барчасп