Донишҷӯи олмонӣ мусулмон шуд
(last modified Tue, 28 Feb 2017 11:31:08 GMT )
Феврал 28, 2017 16:31 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯи олмонӣ мусулмон шуд

Донишҷӯи 27 солаи олмонӣ имрӯз (сешанбе) дар маросиме, дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо (ъ) дар Машҳад, ба дини Ислом мушараф шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ereh Banesh ба ҳамроҳи ҳамсари эронии худ, бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (ъ) дар шаҳри Машҳад, шаҳодатайнро бар забон овард ва мусулмон шуд.  

Вай пас аз адои шаҳодатайн ва ташарруф ба дини Ислом, номи Иброҳим-ро барои худ баргузид.

Ин донишҷӯи олмонӣ, ки дар риштаи Эрон шиносӣ дар донишгоҳе, дар Олмон таҳсил мекунад, пас аз ташарруф ба дини Ислом гуфт, ки панҷ сол қабл бо сафар ба Эрон бо ин дини илоҳӣ, ошно шуд ва сафар ба Эрон ва мушриф шудан ба ҳарами имом Ризо (ъ) алоқаамро ба Ислом афзоиш дод.

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф ба вижа аврупоӣ дар Машҳад, ба дини Ислом гиравидаанд