Феврал 28, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Дар Эрон шиа ва сунни бародарона барои тавсеаи кишвар талош мекунанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар давроне, ки дар бисёре аз кишварҳо, бегонагон шӯълаи ихтилофро барафрӯхтаанд, дар Эрон ҳамаи ақвом ва мазоҳиб бародарона, дар канори ҳам барои ободонӣ ва тавсеаи кишварашон дар талошанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе, дар ҷамъи мардуми Зоҳидон дар ҷанубу шарқи Эрон, бо қадрдонӣ аз ваҳдат, ҳамдилӣ ва инсиҷоми мардуми шиа ва суннии устони Систон ва Балучистон гуфт, имрӯз ба ҳиммати мардум, уламо, тавоиф ва дар сояи исори неруҳои мусаллаҳ, ҳама талош мекунанд, Эрон тавсеа ёбад.

Рӯҳонӣ бо ишора ба ин ки давлати Эрон дар музокирот бо ҳамсоягони устони Систон ва Балучистон, аз ҷумла Покистон, Афғонистон ва Уммон талош кардааст, ки ҳусни ҳамҷаворӣ, бародарӣ ва ҳамсоягии самимонаро маддиназар дошта бошад, афзуд, Эрон ва ҳамаи ҳамсоягон бояд, бо бародарӣ ва ухувват барои тавсеаи кулли минтақа талош кунанд.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар ин ки тавсеаи манотиқи шарқӣ ва савоҳили Макрон аз аввалавиятҳои давлати Эрон аст, афзуд, имрӯз бо насби эскилаи (бандаргоҳ) ҷадид дар бандари Чобаҳор, зарфияти ин бандар аз 2,5 миллион тон ба 8,5 миллион тон хоҳад расид, ки маънои он, эҷоди як таҳаввули бузург барои устони Систон ва Балучистон ва кулли минтақа хоҳад буд.

Рӯҳонӣ имрӯз 55 проекти зербиноӣ, умронӣ ва иқтисодиро дар устони Систон ва Балучистон ифтитоҳ кард.

Газрасонӣ ба шаҳри Зоҳидон, аз ҷумлаи муҳимтарин тарҳҳое буд, ки имрӯз бо ҳузур Рӯҳонӣ  ифтитоҳ шуд.

 

Барчасп