Вазири иттилооти Эрон: Нерӯҳои амниятии Эрон ба террористҳо раҳм намекунанд
(last modified Tue, 07 Mar 2017 15:28:27 GMT )
Март 07, 2017 20:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон: Нерӯҳои амниятии Эрон ба террористҳо раҳм намекунанд

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми Эрон аз шунидани номи Вазорати иттилоот эҳсоси оромиш мекунанд, зеро медонанд, неруҳои амниятии Эрон ба террористҳо раҳм намекунанд.

Сайид Маҳмуди Алавӣ рӯзи сешанбе, дар ифтитоҳияи ҳамоиши масъулони Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Теҳрон, афзуд, яке аз рисолатҳои Вазорати иттилоот ин аст, ки барои ҷомеа оромиш эҷод кунад ва номаш барои мардум амниятофарин бошад.

Алавӣ таъкид кард, амниятӣ кардани фазои расонаҳо, ҷуз зарар чизе надорад ва масъулияти Вазорати иттилооти Эрон, буғӣ кардани гулӯлаҳо аст, на қаламҳо.

Вазири иттилооти Эрон, ба дастури Ислом барои таомули мусулмонон бо фарҳангҳои дигар ишора кард ва гуфт, бояд дар таомули фарҳангӣ бо дигар кишварҳо, корҳои хуби онҳоро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод ва фарогирифт.