Апрел 06, 2017 17:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Пас аз 63 сол содироти ғайринафтии Эрон аз воридот бештар шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, бар асоси омор, соли гузашта (1395 хуршедӣ) пас аз 63 сол, содироти колоҳои ғайринафтии Эрон бар воридот пешӣ гирифт.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар оини ифтитоҳ ва оғози иҷрои 18 тарҳи умронӣ дар устон Симнони Эрон гуфт, бар асоси омори эълом шуда, содироти колоҳои ғайринафтии Эрон дар соли 1395, 43 миллиарду 900 миллион доллар буд, ки 300 миллион доллар беш аз воридот будааст.

Рӯҳонӣ афзуд, имсол бо шиори «иқтисоди муқоваматӣ, тавлид ва иштиғол» бояд эҷоди беш аз 700 ҳазор шуғли дар Эрон, ҳадафгузорӣ шавад.

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, соли гузашта (1395) вазъияти эҷоди иштиғол ба таври нисбӣ дар Эрон хуб буд ва 714 ҳазор шуғл эҷод шуд.

Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе аз тариқи иртиботи мустақим ва видеоконфронс, дастури ифтитоҳи 18 тарҳи иқтисодӣ ва умрониро дар устони Симнон содир кард.

Ин тарҳҳо дар бахшҳои роҳ ва шаҳрсозӣ, иқтисод ва дороӣ, кишоварзӣ, санъат, имдод ва наҷот аст.

 

Барчасп