Зариф: Муқобила бо терроризм ниёзманди ваҳдат аст
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар саҳифаи твиттерии худ ба забони арабӣ инфиҷорҳои террористиро дар Миср маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар саҳифаи твиттерии худ ба забони арабӣ ҳамлаи террористии золимона ба калисоҳои мисриро маҳкум кард ва ба мардуми ин кишвар таслият гуфт .
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар паёми худ таъкид кард, минтақа барои муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ, ба шиддат ниёзманди ваҳдат аст .
Чаҳор инфиҷори террористии рӯзи якшанбе дар калисои Мар-Гигиси шаҳри Тантои шимоли Қоҳира ва маркази омӯзиши полиси ин шаҳр, инфиҷор дар атрофи калисои Алмарқасия дар устони Искандария ва инфиҷори як мошини полис дар минтақаи Алталул дар устони Синои шимолии Миср, даҳҳо куштаву захмӣ барҷо гузошт .