Апрел 29, 2017 18:16 Asia/Dushanbe
  • Эрон; Амнтарин кишвар барои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа

Вазири умури хориҷаи Эрон ‎гуфт, шарикони тиҷорӣ, бонкӣ ва пулии Эрон бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки Эрон амнтарин кишвар барои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, рӯзи шанбе дар чаҳорумин ҳамоиши тиҷорӣ ва бонкии Эрон ва Аврупо дар Теҳрон афзуд, Эрон барои пешрафти иқтисодӣ, илмӣ ва суботи иқтисодӣ ба мардуми худи муттакӣ аст ва миллати Эрон бо вуҷуди тамоми таҳримҳо, ҷангҳо ва терроризм , оромиш ва амнияти худро тазмин кардааст.

Зариф ба мусодираи ду миллиард доллар аз манобеи Бонки марказии Эрон ва тавқифи як миллиарду 500 миллион доллар аз пулҳои ин бонк дар Амрико ишора кард ва гуфт, ин иқдоми Амрико роҳзании байналмилалӣ аст

Вай ҳамчунин бо ишора ба сангандозии Амрико дар масири рафъи бархе аз монеаҳо дар барқарории равобити бонкии байналмилалии Эрон, ибрози умедворӣ кард, шарикони Эрон ба вижа аврупоиҳо битавонанд ин монеатарошиҳоро пушти сар бигузоранд ва авзоъ ба шароити пеш аз таҳримҳо бозгардад.

Чаҳорумин ҳамоиши тиҷорӣ ва бонкии Эрон ва Аврупо, рӯзи шанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва то фардо (якшанбе) идома дорад.

 

Барчасп