Май 02, 2017 13:59 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи вилодати чаҳорумин имоми шиаёни ҷаҳон

Имрӯз сешанбе, панҷуми шаъбони соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо дуввуми моҳи майи 2017 солрӯзи вилодати ҳазрати имом Зайнулъобидин (а), чаҳорумин имоми шиаёни ҷаҳон аст.

Ба ҳамин муносибат, саросари Эрони исломӣ дар шаби вилодати босаодати Саидалсоҷидин имом Зайнулъобидин (а), чаҳорумин имоми шиаёни ҷаҳон ғарқ дар мадҳиясароӣ ва мавлудхонии маддоҳони аҳли байти исмату таҳорат (а) буд. Шаҳрҳои муқаддаси Машҳаду Қум нурборон шуда ва маросими ҷашну сурур бо ҳузури ошиқон ва иродатмандони аҳли байти исмату таҳорат (а) баргузорӣ шуд .

Ба муносибати айёми шаъбония аз шабҳои гузашта вижа барномаҳое ҳамроҳ бо мадҳиясароӣ ва мавлудхонии маддоҳони аҳли байт бо ҳузури ҳазорон нафар аз зоирону муҷовирон дар ҳарами мунаввари Разавӣ оғоз шудааст .

Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи милоди босаодати ҳазрати имом Зайнулъобидин (а)-ро ба шиаён ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд .

 

Барчасп