Лориҷонӣ: Сипоҳ нерӯи таъинкунанда дар Ховари Миёна аст
(last modified Thu, 04 May 2017 11:01:35 GMT )
Май 04, 2017 16:01 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Сипоҳ нерӯи таъинкунанда дар Ховари Миёна аст

Раиси Маҷлиси Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро қудратмандтарин нерӯи таъинкунанда дар Ховари Миёна донист ва гуфт, Сипоҳ омиле аст, то душманон дучори иштибоҳ дар бораи Эрон нашаванд.

Алии Лориҷонӣ-раиси Маҷлиси Шӯрои исломти Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросиме, дар Теҳрон афзуд, дар ҳоле, ки душманон дар пайи фишори равонӣ ва тазъифи иродаҳо дар Эрон ҳастанд, миллати Эрон аз як нерӯи муҷоҳид ба номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бархӯрдор аст.

Лориҷонӣ бо ишора ба тасаллути комили иттилоотии Сипоҳ дар минтақа гуфт, душманон бояд бидонанд душманӣ бо Эрон кори мушкиле аст ва Сипоҳ бо ҳушёрӣ ва тасаллути иттилоотии комил аз амният ва иқтидори Эрон ҳифозат мекунад.

Вай бо таъкид бар тақвияти дифои Эрон, Сипоҳро як унсури мактабе, мардумӣ ва муҷоҳид тавсиф кард ва афзуд, азамати Сипоҳ дар минтақа ба иллати вуҷуди ҳамин се унсур буда ва ин ниҳоди мардумии мутаносиб бо таҳдидот аз як рушд ва боландагӣ бархӯрдор аст.

Лориҷонӣ ҳамчунин бо баёни ин ки Эрон ҳеҷ чашмдоште ба сарзамини дигар кишварҳо надорад, тасреҳ кард, агар кишваре дар пайи эҷоди музоҳимат барои Эрон бошад, бо посухи сахт мувоҷеҳ хоҳад шуд.