Май 19, 2017 20:56 Asia/Dushanbe

Устондори Хуросони Разавӣ мушорикати густардаи мардуми ин устон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро хушҳолкунанда донист.

Устондори Хуросони Разавӣ, ки имрӯз аз раванди ахзи раъй дар Машҳад дидан мекард, ҳузури мардуми Эрон, ба вижа мардуми устони Хуросони Разавиро сутуданӣ унвон кард.

Алиризо Рашидиён имрӯз дар Машҳад ҳузури мардуми саросари Эрон, ба вижа Машҳади муқаддасро сутуданӣ унвон карду ҳузури раъйи аввалиҳоро дар ин интихобот чашмгир донист.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз- субҳ дар саросари Эрони исломӣ ва ҳамзамон дар 102 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Барчасп