Июн 08, 2017 09:37 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори қурбониёни ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон

Ҳусайни Зулфиқорӣ, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон омори қатъии қурбониёни ҳамалоти террористии рӯзи чаҳоршанбеи Теҳронро 13 шаҳиду 43 маҷрӯҳ эълом кард.

Чаҳор террористи мусаллаҳ субҳи чаҳоршанбе бо пӯшиши занона саъй карданд вориди сохтмони идории Маҷлиси Шӯроии исломии Эрон шаванд, ки пас аз вокуниши маъмурон як нафар аз онон дар инфиҷори интиҳорӣ ва се нафари дигар пас аз тирандозиҳои тахминӣ (кӯр) ва талош барои ҳузур дар табақоти болоии сохтмони идории маҷлис дар даргирӣ бо маъмурон ба ҳалокат расиданд.

Ду террористи мусаллаҳ низ бо вуруд ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ), дар ҷануби Теҳрон шурӯъ ба тирандозӣ карданд, ки нафари аввал бо инфиҷори интиҳорӣ ва нафари дувум пас аз тирандозии кӯр дар даргирӣ бо маъмурон ба ҳалокат расид.

Масъулияти ин ҳамалоти террористиро гурӯҳи такфирии ДИИШ ба ӯҳда гирифт.

 

Барчасп