Зариф: Террористҳо мақарри демукросиро ҳадаф гирифтаанд
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, иқдомоти террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон ҳамла ба мақарри демукросӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф бомдоди панҷшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер бо ишора ба ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрони афзуд, ҳокимони мустабид аз демукросӣ мутанаффиранд ва муздурони онҳо ба мақарри демукросӣ ҳамла кардаанд, ки беш аз ҳама мавриди нафрати мустабидон аст.
Зариф бо баёни ин ки ҳокимони мустабиди ҳомии терроризм таҳдид мекунанд, ки ҷангро ба дохили хоки Эрон меоваранд, афзуд: “Муздурони онҳо ба ҷое ҳамла мекунанд, ки арбобонашон бештарин нафратро аз он доранд, яъне мақарри демократия”.
Муҳаммад бин Салмон, вазири дифои Арабистони Саудӣ дувуми моҳи май пас аз муваффақиятҳои ҷабҳаи муқовимат дар муқобили террористҳои мавриди ҳимояти Риёз, аз ҷумла ДИИШ дар изҳороте хасмона алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Арабистон ҷангро ба дохили хоки Эрон хоҳад кашонд.
Рӯзи гузашта дар Теҳрон бар асари ду ҳамлаи террористӣ дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ) 56 нафар шаҳиду захмӣ шуданд.
Ин ҳамалоти террористӣ бо амалиёти қотеонаи маъмурони эронӣ ба ҳеч кадом аз аҳдофи таъйиншуда нарасид ва террористҳо пас аз соате тирандозиҳои кӯру даргирӣ бо маъмурон ба ҳалокат расиданд.