Посухи муҳками Зариф ба изҳороти Трамп дар бораи ҳаводиси Теҳрон
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, вокуниши Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон нафратангез аст.
Дар пайи ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон, Доналд Трамп ба зоҳир зимни ибрози ҳамдардӣ бо мардуми Эрон, бори дигар дар иддаои беасос Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам карду муддаӣ шуд, кишварҳои ҳомии терроризм қурбонии шарре мешаванд, ки худ мегустаронанд.
Вазири хориҷаи Эрон субҳи панҷшанбе дар паёме дар сафҳаи твиттерии худ навишт, баёнияи Кохи Сафед ва таҳримҳои сано дар ҳоле ки Эрон бо иқдомоти террористии мавриди ҳимояти афроди вобаста ба Амрико муқобила мекунад, нафратангез аст ва мардуми Эрон чунин иддаои дӯстии Амрикоро намепазиранд.
Теҳрон ҳафтуми июни соли 2017 дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) ва сохтмони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон шоҳиди ду амалиёт террористӣ буд, ки дар ниҳоят бо иқдомоти нерӯҳои амниятӣ ва ҳалокати террористҳо поён ёфт.
Дар ин ду иқдоми террористӣ 13 нафар аз шаҳрвандони эронӣ шаҳид ва 43 нафар захмӣ шуданд.