Аз байн бурдани ду гурӯҳи террористӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i18732
Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбешаб аз нобуд шудани як тими террористӣ дар шаҳри Чобаҳори устони Систон ва Балучистон, дар ҷануби шарқи Эрон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 15, 2017 14:40 Asia/Dushanbe
  • Аз байн бурдани ду гурӯҳи террористӣ дар Эрон

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбешаб аз нобуд шудани як тими террористӣ дар шаҳри Чобаҳори устони Систон ва Балучистон, дар ҷануби шарқи Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Маҳмуди Алавӣ гуфт, дар амалиёти маъмурони Вазорати иттилоот барои инҳидоми ин тими террористӣ дар Чобаҳор, ду террорист ба ҳалокат расиданд ва панҷ нафари дигар боздошт шуданд.

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, дар ин амалиёт яке аз маъмурон ба дараҷаи болои шаҳодат расид.

Алавӣ ҳамчунин аз шиносоӣ ва инҳидоми як тими террористӣ дар устони Курдистон, дар ғарби Эрон хабар дод.

Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Арабистон ҳомии молии тимҳои террористӣ аст, афзуд: “афроди зиёде аз кишварҳои ҳамсоя ба муздурӣ гирифта шудаанд то дар Эрон даст ба амалиёти террористӣ бизананд”.

 Алавӣ таъкид кард, аз панҷ террористи боздоштшуда дар Чобаҳор ду нафар шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя буданд.

 Гурӯҳи террористии ДИИШ дар сол‎ҳои ахир бо ҳимоят‎ҳои молӣ ва низомии Амрико ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Арабистон, ҷиноёти фаровонеро дар кишварҳои минтақа, ба вижа Ироқ ва Сурия муртакиб шудааст.