Эрон ва Алҷазоир: Роҳҳалли ихтилофи Қатару Арабистон гуфтугӯ аст
Дар дидори вазирони умури хориҷаи Эрону Алҷазоир дар Алҷазира, дутараф мавзуоти мухталифи равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ба хусус авзои Қатарро гуфтугӯ карданд.
Ба иттилои Алъолам, дар ин дидор, Абдулқодир Масоҳил, зимни хушомадгуӣ ба Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайъати ҳамроҳ гуфт: Эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо ва мавзеи мустақил, аз усули Алҷазоир аст .
Вазири умури хориҷаи Алҷазоир дар бораи ихтилофоти кишварҳои арабӣ низ гуфт: “Ихтилофот дар ҷаҳони араб ҳамеша вуҷуд дошта ва буҳрони Сурия яке аз намунаҳост. Агар ҳама ба ҳаққи ҳокимияти миллатҳо ва давлати қонун ва хостаи мардум эҳтиром бигузоранд, чунин вазъияте ба вуҷуд намеояд”.
Вазири умури хориҷаи Алҷазоир ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, дар бораи танишҳои пешомада миёни кишварҳои ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс низ талошҳо барои гуфтугӯ натиҷа диҳад .
Вазири умури хориҷаи Эрон низ дар ин дидор гуфт: Терроризм мушкили аслии минтақа аст ва роҳҳалли он ҳам демократия аст, албатта демократияе, ки аз дохили кишварҳо бошад .
Зариф бо ибрози нигаронӣ аз шиддат ёфтани танишҳо миёни Қатару ҳамсоягонаш гуфт: Беҳтарин роҳҳалли ихтилофот гуфтугӯ аст ва Эрон омодааст, дар ин замина кумак кунад .
Вазири умури хориҷаи Эрон субҳи рӯзи якшанбе сафари давраии худро ба шимоли Африқо бо дидор аз Алҷазоир оғоз кард ва қарор аст, ба Мавритания ва Тунис низ сафар кунад .