Июн 19, 2017 15:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии Эрон ба мақари ДИИШ бо иттилои давлати Сурия буд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба мавозе террористҳо дар Сурия гуфт, иқдоми ахири Эрон дар мубориза бо гурӯҳи террористӣ, такфирӣ ва ваҳобии ДИИШ бо иттилои давлати Димишқ анҷом шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз қурбониёни терроризм аст, гуфт, Теҳрон дар иҷрои сиёсати усулӣ, собит ва тағйирнопазири худ, дар муборизаи беамон бо гурӯҳҳои террористӣ- такфирӣ ваҳобӣ ва бо иттилоъ додан ба давлати қонунии Сурия, зарботи мӯҳликеро бар пайкараи гурӯҳҳои террористӣ ва мақри марказии онон, дар Дайр-уз-зур ворид кард.

Вай афзуд, Эрон, бар хилофи бархе қудратҳои муддаӣ, ки амният ва терроризмро василае барои тиҷорат ва касби даромад қарор дода ва бо мунҳаттарин тафаккуроти қабилаӣ ва ҷоҳилӣ мерақсанд, ба муборизаи воқеӣ ва мустамар барои решакан шудани гурӯҳҳои террористӣ идома хоҳад дод.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард, ҳамлаи мушакии Эрон ба мавозе ва мақари террористҳои такфириӣ дар д Дайр-уз-зур, сирфан силии кӯчак ва танҳо ҳушдорие барои бедории ононе буд, ки ҳанӯз наметавонанд ё натавонистанд, воқеиёти минтақа ва ҳадду марзи худро ба хубӣ дарк кунанд.

Қосимӣ ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо хост, ба муборизаи воқеӣ бо терроризм ва решаҳои он ки дар тафаккуроти инҳирофӣ ва хатарноки такфирӣ ваҳобӣ нуҳуфтааст, бипайванданд.

Сипоҳ посдорони Инқилоби Исломӣ шомгоҳи якшанбе бо ҳадафи танбеҳи террористҳои такфирӣ дар Сурия, мақари фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ ва пуштибонӣ ва сохти худравҳои инфиҷории террористҳои такфириро дар минтақаи Дайр-уз-зури Сурия бо шаш адад мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор дод.

Ин мушакҳо бо убур аз осмони Ироқ ва тай кардани масири 650 километрӣ, ба сурати дақиқ ба аҳдофи таъйин шуда исобат кард.

 

Барчасп