Қатъномаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс - ҳимоят аз интифозаи Фаластин ва маҳкумияти ривоҷи хати созиш
(last modified 2017-06-23T10:21:10+00:00 )
Июн 23, 2017 15:21 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс - ҳимоят аз интифозаи Фаластин ва маҳкумияти ривоҷи хати созиш

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар қатъномае бо таъкид ба ҳимоят аз интифозаи Фаластин ва муқовимати исломӣ ривоҷи хати созиш ва оддисозии равобит бо режими ишғолгари Қудс аз сӯи режими Оли Саудро маҳкум карданд.

Дар Қатъномаи поёни роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс омадааст, озодии Қудси Шариф ва талош барои «заволу нобудии қатъии Исроил» ҳамчунон авлавияти аввали ҷаҳони Ислом буда ва ҳар иқдоме, ки уммати исломиро аз мавзӯи Фаластин мунҳариф кунад, маҳкум аст. Бар асоси ин қатънома, танҳо роҳҳали масъалаи Фаластин «бозгашти оворагони фаластинӣ аз манотиқи мухталифи ҷаҳон» ва «баргузории ҳамапурсии фарогиру озод барои таъйини ояндаи ин кишвар» буда, ҳар роҳҳали дигаре ба унвони фурсатсозӣ барои идомаи ҳаёти режими қалбакии саҳюнистӣ ва зоеъ кардани ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластин маҳкум шудааст. Роҳпаймоён ҳамчунин зимни таъкид бар зарурати ваҳдат, ҳамгироии гурӯҳҳои фаластинӣ баробари режими кӯдаккуши саҳюнистӣ яҳудисозии сарзаминҳои ишғолӣ ва талош барои нобудии ҳувияти миллию таърихии Фаластинро маҳкум карданд ва аз созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақаӣ хостанд, то монеи идомаи ин тавтеаи хатарнок шаванд. Ин қатънома дар идома фитнаи ДИИШ ва террористҳои такфирӣ дар Ироқ, Сурия, Либия ва ҷиноёти Оли Сауд дар Яману Баҳрайнро нақшаи муштараки Амрико, режими саҳюнистӣ ва иртиҷоии минтақа дониста, талоши режими Оли Сауд ва бархе аз кишварҳои минтақа ҷиҳати амниятсозӣ барои режими саҳюнистӣ аз тариқи ҳимоят аз терроризм ва ривоҷи хати созишу оддисозии равобит бо режими ишғолгари Қудсро маҳкум кардааст.

Дар Қатъномаи поёни Рӯзи ҷаҳонии Қудс зимни ҳимоят аз нақши роҳбурдию машваратии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҷабҳаи муқовимати исломӣ, бавижа муқобила бо террористҳои такфирӣ омадааст, ҳар гуна таҳдиду иқдоми зидди амнияти миллии Эрон бо посухҳои қотеонаву пушаймонкунанда мувоҷеҳ хоҳад шуд.

 

Барчасп