Қадрдонии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба мавозеи террористҳо  
(last modified 2017-07-05T16:00:35+00:00 )
Июл 05, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба мавозеи террористҳо  

Фармондеҳи муаззами кулли қуво, сооте пас аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар 18 июн ба марокизи таҷаммуи террористҳои ДИИШ дар Дералзури Сурия, дар дидори ҷамъе аз сардорон ва фармондеҳони сипоҳ, аз талошҳои ин ниҳоди инқилобӣ дар арсаи мушакӣ қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор, ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мавозеи террористҳо дар Сурияро коре олӣ тавсиф ва аз Худованди мутаол қабулии ин ибодатро дар моҳи Рамазон талаб карданд .

Фармондеҳи муаззами кулли қуво бо баёни инки душман бар рӯи мушак ҳассос аст, таъкид карданд: Рӯи мушак кор кунед, душман бояд силӣ бихурад .

Фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ дар ин дидор, зимни ироаи  гузорише аз амалиёти мушакии муваффақиятомез ба мавозеи ДИИШ дар Сурия таъкид карданд: Дар ин амалиёт, ки бо ҳидояти иттилоотии нерӯи Қудси сипоҳ анҷом шуд, фақат мавозеи террористҳо ҳадаф қарор гирифт ва ҳеч як аз мардум ва ғайринизомиён осеб надиданд .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 18 июн, бо ҳадафи танбеҳи террористҳои такфирӣ дар Сурия, мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммуъ, пуштибонӣ ва сохти мошинҳои инфиҷории террористҳои ДИИШ-ро дар Дерулзур бо шаш фарванд мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор дод .

Дар ин ҳамла, беш аз 170 террористи такфирӣ аз ҷумла чанд тан аз фармондеҳон ва аносури муассири онон ба ҳалокат расиданд .

 

Барчасп