Зариф озодсозии комили Мусилро табрик гуфт
(last modified Mon, 10 Jul 2017 06:39:25 GMT )
Июл 10, 2017 11:39 Asia/Dushanbe
  • Зариф озодсозии комили Мусилро табрик гуфт

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, озодсозии комили шаҳри Мусил, маркази устони Найнавои Ироқ аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф якшанбе шаб дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, замоне, ки мардуми шуҷоъи Ироқ даст дар даст ҳам медиҳанд, ҳеҷ маҳдудияте барои ончи, ки онҳо метавонанд ба даст оваранд вуҷуд надорад.

Пеш аз ин низ Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва генерал Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ Эрон дар паёмҳои ҷудогонае ба мақомоти ироқӣ, озодсозии комили шаҳри Мусилро табрик гуфтанд.

Ҳайдар Ибодӣ рӯзи якшанбе вориди Мусил- маркази устони Найнаво, шимоли Ироқ шуд ва озодсозии комили ин шаҳрро аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ эълом кард.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар июн 2014 бо ҳамла ба Ироқ, бахшҳое аз шимолу ғарби ин кишварро ишғол кард.