Ҳушдори Зариф ба Трамп: Гузинаи хуруҷи Эрон аз БАРҶОМ рӯи миз аст
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ба раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, дар сурати нақзи умдаи БАРҶОМ тавассути Вашингтон, Эрон аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хориҷ хоҳад шуд.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар мусоҳиба бо нашрияи амрикоии National Interest дар посух ба нақзи пай дар паи тавофуқи ҳастаӣ аз сӯи Вашингтон таъкид кард, агар нақзи умдае, ки дар БАРҶОМ ба он нокороии қобили таваҷҷуҳ итлоқ мешавад, рӯй диҳад, Эрон аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ хоҳад шуд .
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон хотирнишон кард, Эрон токунун масиреро, ки дар БАРҶОМ таъин шудааст, тай карда, яъне ба Комиссияи муштараки БАРҶОМ руҷуъ карда, то мутмаин шавад, кӯтоҳиҳои Амрико дар заминаи БАРҶОМ, чораандешӣ хоҳад шуд .
Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад .
Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷанҷолии Амрико аз мухолифони сарсахти БАРҶОМ-ӣ аст, ки мавриди тайиди Созмони милал, Шӯрои амният ва Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ аст .