Бозтоби маросими таҳлифи раисҷумҳури исломии Эрон дар расонаҳои ҷануби шарқи Осиё
Маросими таҳлифи раисҷумҳури исломии Эрон дар расонаҳои кишварҳои ҷануби шарқи Осиё бозтоби густардае дошт.
Торнамои рӯзномаи Стари Малайзия навишт, раисҷумҳури исломии Эрон, ки ба сурати расмӣ давраи дуввуми фаъолияти худро оғоз кардааст, Амрикоро муттаҳам ба талош барои аз байн бурдани БАРҶОМ кард .
Торнамои Малай Майл Онлайни Малайзия низ навишт: Адами тааҳҳуди Амрико бар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ исбот мекунад, ки Вашингтон шарики қобили эътимоде барои ҷаҳон ва ҳатто муттаҳидони қадимии худ нест .
Хабаргузории расмии Малайзия Бернама низ ба ширкати Пандикар Амин Мулиа, раиси парлумони ин кишвар дар маросими таҳлифи раисҷумҳури Эрон ишора карду навишт, дидори мақомоти Малайзия дар Эрон ба густариши равобити дуҷониба мунҷар хоҳад шуд.
Хабаргузории расмии Индонезия Антара низ ба нақл аз Ҳасани Рӯҳонӣ навишт, касоне, ки мехоҳанд, тавофуқи ҳастаиро пора кунанд, бояд бидонанд, ки дар воқеъ тӯмори умри сиёсии худро пора кардаанд .
Торнамои Ниюз Дот Комии Австралия низ навишт, Рӯҳонӣ талоши зиёде барои ҳифзи БАРҶОМ дар қиболи сиёсатҳои хасмона ва тавсеаталабонаи Амрико алайҳи Эрон бакор бурдааст .
Маросими таҳлифи давоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе бо ҳузури сарон ва намояндагони беш аз 100 кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.