Мувофиқати Маҷлиси Эрон бо тарҳи муқобила бо иқдомоти террористии Амрико дар минтақа
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти моҷароҷӯёна ва террористии Амрико дар минтақа мувофиқат карданд.
Ҳусейн Нақавии Ҳусейнӣ, сухангӯи Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон зимни қироати гузориши ин комиссиюн дар бораи тарҳи зиддиамрикоӣ гуфт, дар тарҳи муқобила бо иқдомоти моҷароҷӯёна ва террористии Амрико дар минтақа чорчӯби БАРҶОМ ҳифз шудааст ва пешниҳодҳои ин тарҳ бо БАРҶОМ муғойрат надорад. Аббоси Ироқчӣ, раиси эронии ҳайати назорат бар БАРҶОМ ва муовини вазири хориҷаи Эрон ҳам гуфт, ин тарҳ бахше аз иқдомоте аст, ки ин ҳайат барои муқобила бо тарҳи Конгресси Амрико тасвиб кардааст. Ироқчӣ таъкид кард, Вазорати корҳои хоириҷии Эрон мувофиқи тарҳи зиддиамрикоии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ аст ва аз он ҳимоят мекунад.
Сенати Амрико 15 июни соли равон дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ алайҳи Теҳрон тарҳи ҷомеи таҳримҳо зидди Эронро бо номи "Қонуни муқобила бо иқдомоти суботзудоии Эрон-2017" тасвиб кард.