Рӯҳонӣ: Бо таҳримҳои бештари Амрико, Эрон метавонад аз БАРҶОМ хориҷ шавад
(last modified 2017-08-15T09:35:07+00:00 )
Август 15, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Бо таҳримҳои бештари Амрико, Эрон метавонад аз БАРҶОМ хориҷ шавад

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Дар сурате, ки Амрико ба вазъи таҳримҳои зидди эронӣ идома диҳад, Теҳрон метавонад дар муддат замони кӯтоҳе аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) хориҷ шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон имрӯз дар ҷаласаи баррасии раъйи эътимоди Маҷлиси Шӯрои исломии ин кишвар ба вазирони пешниҳодӣ гуфт: Давлатмардони Амрико бояд бидонанд, ки таҷрубаи шикастхурдаи таҳрим ва таҳмил, давлатҳои гузаштаашонро ба пои мизи музокира кашонд ва агар моил бошанд, ба он таҷруба баргарданд, яқинан Эрон дар муддат замони кӯтоҳе ба шароите бисёр пешрафтатар аз замони шуруи музокирот боз хоҳад гашт.

Рӯҳонӣ иллати баҳонаҷуиҳо ва аҳдшиканиҳои давлати Амрикоро тавфиқи Эрон дар пойбандӣ ба тааҳҳудот ва иҳқоқи ҳуқуқи худ ва шикасти Амрико дар зиёдахоҳиҳо унвон карду афзуд: Ҷаҳониён дар моҳҳои ахир ба вузуҳ дидаанд, ки Амрико тавофуқоти байналмилалиро нодида мегирад ва илова бар бадаҳдии мукаррар ва мустамар дар БАРҶОМ, бархе дигар аз тавофуқҳо аз ҷумла тавофуқи Порис, тавофуқи Куба, тавофуқи тиҷорати озоди Амрикои шимолӣ мавсум ба Нафторо низ зери по гузоштааст.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти ғарби Осиё гуфт: Эрон хушунати гурӯҳҳои такфирӣ ва талош барои касби амният аз тариқи вобастагӣ ба қудратҳои хориҷиро чолиши аслии амнияти минтақа медонад ва бо ҳусни ният ва азми қотеъ бадунболи суботу сулҳ дар минтақа аст.

Рӯҳонӣ таъкид кард: Мушкилоти минтақа фақат роҳҳали минтақаӣ дорад ва Эрон баунвони лангаргоҳи субот, дасти дӯстии худро ба сӯи кишварҳои ҳамсоя дароз мекунад ва эҷоди сулҳу оромиш хостор аст.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо муаррифии вазирони пешниҳодӣ тасреҳ кард: Тамоми вазирони пешниҳодӣ, тавонмандиҳои худро барои таҳаққуқи сиёсатҳои иқтисоди муқовиматӣ , тавсеа, хидмат ба мардум, таҳаққуқи ормонҳои низоми ҷумҳурии исломии Эрон ва таъмини манофеи миллӣ ба кор хоҳанд бурд.   

    

 

 

Барчасп