Август 16, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Сипоҳи посдорон: Интиқоми сахт аз ДИИШ дар дастури кор аст

Сухангуи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, интиқоми сахт аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар паи шаҳодати Муҳсини Ҳуҷаҷӣ дар дастури кори сипоҳ қарор дорад ва дар замони муносиб, амалиётӣ ме‌шавад.

Ба нақл аз Сипоҳ Ниюз, сардор Рамазон Шариф гуфт: Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти мустақили заминӣ дар Сурия дар интиқоми хуни шаҳид Ҳуҷаҷӣ надоштааст, аммо ба зудӣ шоҳиди ин амалиёт хоҳем буд .

Шабакаи Алмаёдин пеш аз ин хабар дода буд, амалиёти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ барои интиқоми хуни шаҳид Муҳсини Ҳуҷаҷӣ дар минтақаи Ҳамима дар шарқи Сурия оғоз шудааст .

Шаҳид Муҳсини Ҳуҷаҷӣ, аз нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ буд, ки ҳафтаи гузашта ба дасти аносури гурӯҳи террористии ДИИШ асир шуд ва сипас ба шаҳодат расид.

Сардор Шариф ҳамчунин таъкид кард, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мусаммамтар аз гузашта, ҳимоятҳои мусташории худро аз артиш ва нерӯҳои мардумии Сурия то барчида шудани басоти терроризми такфирӣ аз ин кишвар идома хоҳад дод.

 

Барчасп