Август 18, 2017 18:19 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористии Барселонаи Испанияро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо маҳкум кардани иқдомоти террористӣ ва зиддиинсонӣ дар Барселонаи Испания ба ҳукумат, миллат ва хонаводаи қурбониёну маҷрӯҳони ин ҷиноят ибрози ҳамдардӣ кард.

Ронандаи як мошин дирӯз, панҷшанбе, бо ҳуҷум ба мардум даҳҳо нафарро дар минтақаи Лас Рамбласи шаҳри Барселонаи Испания зер кард, ки дар ин ҳамла дастикам 13 нафар кушта ва 100 нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи маргборро ба уҳда гирифт.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи ҷумъа бо баёни ин ки терроризми лаҷомгусехтаи кунунӣ ба мушкили ҷаҳонӣ табдил шудааст, гуфт, пас аз шикастҳои майдонӣ ва пай дар пайи террористҳои ифротӣ дар минтақа густариши амалиёти террористӣ дар тамоми ҷаҳон дар дастури кори ин ҷинояткорон қарор дорад ва куштори мардум оддию бегуноҳ аз аҳдофи шуми онон аст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо таъкид бар ин ки мушкилоти ҷаҳонӣ роҳҳали ҷаҳонӣ доранд, афзуд, ҳама кишварҳои сулҳталаб ва ононе, ки мубориза бо терроризмро дар маънои воқеии худ дар сарлавҳаи кор худ доранд, бояд иттиҳоди ҷаҳонӣ алайҳи хушунат, ноамнию террор ташкил диҳанд ва авлавияти нахусти худро ба мубориза ва решакан кардани терроризм ихтисос диҳанд.

Қосимӣ бо баёни ин ки Эрон ба унвони яке аз қурбониёни терроризм ҳамвора дар хати муқаддами мубориза бо ифротгароию террор қарор дошта, масрафҳои фаровоне низ то кунун пардохт кардааст, омодагии Эронро барои кумаку ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи мубориза бо терроризм эълом кард.

 

Барчасп