Дидори таърихии раисони ҷумҳурии Эрон ва Узбакистон дар Остона
(last modified Mon, 11 Sep 2017 07:57:49 GMT )
Сентябр 11, 2017 12:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори таърихии раисони ҷумҳурии Эрон ва Узбакистон дар Остона

Раисони ҷумҳури Эрон ва Узбакистон дар дидоре, ки Мирзиёев онро “торихӣ” хонд, пешниҳодҳои иқтисодии қобили таваҷҷуҳе барои тарафи муқобил доштанд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар дидори Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қазоқистон анҷом шуд, ин дидорро нишондиҳандаи иродаи мустаҳками ду давлат барои равобити наздиктар ва густурдатар донист.

Раисиҷумҳури Эрон ба зарфиятҳои густурдаи Эрон ва Узбакистон барои тавсеаи ҳамкориҳо ишора кард ва гуфт, мо аз ҳузур ва фаъолияти корофаринон ва сармоягузорони узбакистонӣ дар Эрон ва мутақобилан аз ҳузури сармоягузорони эронӣ дар Узбакистон истиқбол мекунем.

Рӯҳонӣ бо ишора ба барномаи густурдаи транзитӣ, ҷодаӣ ва рейлии Эрон низ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад, наздиктарин масири дастёбии бозаргонони узбакистонӣ ба Халиҷи Форс ва обҳои озод бошад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки замина барои тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи энержӣ, марокизи илмӣ, таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар ҳамвор аст ва Теҳрон метавонад ниёзи Узбакистонро ба энержӣ таъмин кунад.

Раисиҷумҳури Узбакистон низ ин дидорро дидоре таърихӣ ва гушӯдани фасли навин дар ҳамкориҳои дуҷониба донист ва таъкид кард, ки Тошканд омодааст, равобити худро бо Теҳрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди алоқа, беш аз пеш тавсеа диҳад.

Мирзиёев ҳамлу нақлро аз заминаҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар зикр кард ва гуфт, Тошканд барои долони чаҳорҷонибае, ки аз тариқи он ба Халиҷи Форс ва дигар нуқоти ҷаҳон муттасил мешавад, аҳамияти зиёде қоил аст ва манофеи ду кишвар дар гарави ҳамкорӣ бо якдигар дар ин арса аст.

Вай афзуд, Эрон низ метавонад тавлидоти худро аз тариқи Узбакистон дар ихтиёри кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қарор диҳад.

Рӯҳонӣ ва Мирзиёев ҳамчунин хоҳони тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои донишгоҳӣ, энержӣ ва мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ шуданд.

Раисиҷумҳури Узбакистон ҳамчунин таъкид кард, Тошканд аз узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шангхай ҳимоят мекунад.

Мирзиёев дар ин дидор аз Рӯҳонӣ барои сафари расмӣ ба Узбакистон даъват кард.