Муҳри таъйиди Амоно бар пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташ дар Барҷом
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бори дигар таъйид кард, ки Эрон ба тамоми тааҳҳудоти худ дар қиболи Барҷом пойбанд будааст.
Ба гузориши “Асошейтед Пресс”, Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи душанбе, дар оғози нишасти фасли Шӯрои ҳуккоми ожонс дар Вена гуфт, Эрон ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ бо гурӯҳи панҷ ба иловаи як, ки дар соли 2015 ба имзои Теҳрон ва шаш кишвари Амрико, Фаронса, Британия, Чин, Русия ва Олмон расид, пойбанд будааст.
Амоно таъкид кард, шартҳое, ки Эрон онҳоро пазируфтааст, дар ҳоли иҷро шудан аст.
Ин таъйиди дубораи мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пас аз он матраҳ мешавад, ки Кохи Сафед муддаӣ шудааст, ки Эрон ба Барҷом пойбанд набуда ва дар талош барои афзоиши фишорҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Ин дар ҳолест, ки давлати Амрико то кунун натавонистааст мавриде аз нақзи Барҷом ба Теҳрон ироа кунад.