Рӯҳонӣ: Мавозеи Эрон дар минтақа ва БАРҶОМ мавриди иттифоқи назари ҳамаи кишварҳо аст
(last modified Thu, 21 Sep 2017 15:08:25 GMT )
Сентябр 21, 2017 20:08 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мавозеи Эрон дар минтақа ва БАРҶОМ мавриди иттифоқи назари ҳамаи кишварҳо аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт , ҷаласаи имсолаи Созмони Милал нишон медиҳад, ки мавозеи Эрон дар минтақа, масъалаи БАРҶОАМ ва пешрафти равобити иқтисодии Эрон ва ҷаҳон, мавриди иттифоқи назари ҳамаи кишварҳо аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, имрӯз пас аз бозгашт аз Ню-Йорк дар фурӯдгоҳи Меҳробод, дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба дидорҳои дуҷонибаи худ бо бархе сарони кишварҳои ҷаҳон дар ҳошияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид афзуд, дар ин мулоқотҳо, мақомоти аврупоӣ бо таъкид бар лузӯми иҷроии БАРҶОМ, онро ғайри қобили баргашт хонданд.

Вай бо таъкид бар ҳамсӯии суханрониҳои зидди эронии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ёдовар шуд, бисёре аз расонаҳо ва мақомоти соири кишварҳои дигар, бавижа сарони кишварҳои аврупоӣ ба сароҳат мухолифати худро бо суханронӣ ва мавозеи зидди “БАРҶОМ”-ии Трамп эълом карданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба иддаои Трамп мабнӣ бар адами пойбанди Эрон ба рӯҳи БАРҶОМ таъкид кард, мақомоти ҳеч кишваре ба ин мавзӯ муътақид набуданд ва ҳама дар масъалаи БАРҶОМ, меъёрро Ожонси байналмилалии энержии атомӣ медонистанд, ки эълом карда, Эрон ба тааҳҳудоташ ба таври комил амал кардааст.

Барчасп