Ҷоми ҷаҳони футболи навҷавонон-Ҳинд, ҳазфи гепардҳои эронӣ ба дасти матадорҳо/Эрон боз ҳам ба ниманиҳоӣ нарасид
(last modified 2017-10-22T14:15:03+00:00 )
Октябр 22, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳони футболи навҷавонон-Ҳинд, ҳазфи гепардҳои эронӣ ба дасти матадорҳо/Эрон боз ҳам ба ниманиҳоӣ нарасид

Тими футболи навҷавонони Эрон дар марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Ҳинд, муқобили навҷавонон Испания мутаҳаммили шикаст шуд.

Тимҳои футболи навҷавонон Эрон ва Испания дар дидоре аз марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии Ҷоми ҷаҳони 2017 дар варзишгоҳи шаҳри Кучи, аз соати 15 ба масофи якдигар рафтанд.

Ин бозӣ бо пирӯзии 3 бар яки Испания ба поён расид.

Бо ин натиҷа, Испания ҳарифи Малӣ дар марҳалаи ниманиҳоӣ шуд.

Тими навҷавонони Эрон пеш аз ин ду бор ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии ҷоми ҳазфӣ расида буд, аммо бо шикаст муқобили Уругвай ва Нигерия аз расидан ба ниманиҳоӣ боз монд, то ин хотираи талх барои севумин бор такрор шавад.