Октябр 29, 2017 21:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди рӯҳонӣ бар ҳифзи бетарафии Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ  

Раисҷумҳури исломии Эрон, бо таъкид бар зарурати ҳифзи истиқлол ва бетарафии Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ва инки ожонс танҳо марҷаи тайидкунандаи пайбандии Эрон ба БАРҶОМ аст, гуфт: Барҷом меъёри мушаххасе дорад ва милоки амали Эрон низ сирфан ҳамон меъёрҳост.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори Юкиа Амано, мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар Теҳрон бо ишора ба инки ожонс то ин марҳала дар наҳваи иҷро ва суботи тавофуқи БАРҶОМ нақши мусбат ва созандае доштааст, тасреҳ кард: Маҷмуаи ҳамкориҳои Эрон бо ожонс комил ва қобили таваҷҷуҳ будааст.

Рӯҳонӣ бо баёни инки Эрон дар чорчуби подмони ожонс, муқаррароти байналмилалӣ ва тавофуқи БАРҶОМ омодаи тавсеаи ҳамкориҳои худ бо ожонс аст, афзуд: Иродаи Эрон мубтанӣ бар анҷоми ҳамкории баландмуддат бо Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар чорчуби муқаррароти байналмилалӣ аст .

Раисҷумҳури исломии Эрон ибрози умедворӣ кард: Бо таваҷҷуҳ ба ҳамкории комили Эрон дар солҳои ахир, ожонс ҳарчи сареътар натиҷаи ниҳоии мабнӣ бар сулҳомез будани моҳияти барномаи ҳастаии Эронро эълом кунад .

Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки як кишвар ҳартавр, ки бихоҳад, наметавонад бо тавофуқоти чандҷониба ва байналмилалӣ бархурд кунад, гуфт: Эрон ҳаргиз нахустин кишваре нахоҳад буд, ки аз БАРҶОМ хориҷ мешавад ва то замоне ба БАРҶОМ пойбанду мутааҳҳид аст, ки битавонад аз манофеи қайдшуда дар он баҳраманд шавад .

Юкиа Амано, мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ низ дар ин дидор БАРҶОМ-ро тавофуқе бисёр хуб донисту гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамаи тааҳҳудҳои худ дар чорчуби муқаррароти байналмилалӣ ва БАРҶОМ амал кардааст .

Амано бо таҷлил аз пайбандии Эрон дар амал ба тааҳҳудҳои худ дар БАРҶОМ таъкид кард: Эътибори ожонс ҳоизи аҳаммият аст ва ҳамчунон бар бетарафии худ дар мавозеъ идома медиҳад ва бар асоси ҳақоиқу подмонҳо, гузоришҳои воқеиро ироа хоҳад кард .

 

Барчасп