Ноябр 07, 2017 21:35 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷии Эрону Русия

Вазирони умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия асри имрӯз гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Муҳаммадҷаводи Зариф ва Сергей Лавров дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи равобити дуҷонибаи режими ҳуқуқии баҳри Хазар ва охирин таҳаввулоти минтақа табодули назар карданд.

Имрӯз ҳамчунин вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё ҳам телефонӣ гуфтугӯ кард. Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин гуфтугӯ ба иқдомоти таҳрикомези Арабистон дар минтақа ишора ва зимни радди иддаоҳои хилофу хатарноки мақомоти режими Саудӣ онро дар тазод бо ҳуқуқи байналмилал ва маншури СММ арзёбӣ кард.

Арабистони Саудӣ ҳамроҳи Амрико ва ҳомиёни минтақаии худ пас аз истеъфои Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон бозии ҷадидеро зиддии Эрону Ҳизбуллоҳи Лубнон шурӯъ карданд, то бар шикастҳои худ дар Яман, Сурия ва Лубнон сарпӯш бигузоранд.

 

Барчасп