Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Кишварҳои исломӣ дар дифоъ аз Қудс ба судури баёния иктифо накунанд
(last modified Fri, 15 Dec 2017 12:43:53 GMT )
Декабр 15, 2017 17:43 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Кишварҳои исломӣ дар дифоъ аз Қудс ба судури баёния иктифо накунанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, кишварҳои исломӣ дар дифоъ аз Қудс ба судури баёния иктифо накунанд, зеро таътили сафорат ва таҳрими колоҳои амрикоӣ аз ҷумлаи роҳҳои муқобила бо иқдоми раисҷумҳури Амрикост.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон хотирнишон кард, ҳама кишварҳои исломӣ бояд колоҳои исроилӣ ва амрикоиро таҳрим кунанд, то Амрико мавриди нафрати ҷаҳонӣ қарор гирад ва даст аз ёвагӯию беқонуниҳо бардорад. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон тасреҳ кард, изҳороти хатарноки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими ғосибу кӯдаккуши саҳюнистӣ иқдоме дар машрӯият додан ба ин режими сохта аст. Сиддиқӣ афзуд, Созмони Милали Муттаҳид пештар дар ду қатънома дар айни машрӯият додан ба режими ғосиби Исроил Қудсро аз они фаластиниҳо ва ба унвони маконе дар ишғоли Исроил муаррифӣ кардааст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин ба интифозаи сеюми Фаластин ишора карда гуфт, ин интифоза бояд ба таслиҳи фаластиниён мунҷар шавад, то онон муқовимати мусаллаҳонаро идома диҳанд.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ ҳамчунин бо ишора ба авзои Яман ва кушта шудани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман ва чеҳраи фитнагари таҳти таъсири Арабистон ибрози умедворӣ кард, режими кӯдаккуши Саудӣ, ки на мусалмон аст ва на араб, ба зудӣ ба сазои ҷиноёташ мерасад.