Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҷон бохтани коркунони нафткаши эронӣ
(last modified 2018-01-15T05:59:29+00:00 )
Январ 15, 2018 10:59 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҷон бохтани коркунони нафткаши эронӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо содир намудани паёме ҳодисаи талху дилхароши ҷон бохтани коркунони нафткаши эрониро таслият гуфтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи якшанбе дар ин паём таъкид карданд: Ҳодисаи талху дилхароши ҷон бохтани коркунони киштии нафткаш бар асари оташсӯзӣ ва ғарқро, ки ҳаққан мусибатбор ва таъассурангез аст, ба хонаводаҳои азодор ва бозмондагони он азизон самимона таслият арз мекунам ва тасаллӣ ва оромиши дилҳои ғамгини ононро аз Худованди мутаъол хоҳонам.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Он азизон дар роҳи анҷоми вазифа ва хидмат ба кишвари худ ҷон бохтаанд ва ин ифтихори бузургест, ки шояд битавонад сангинии бори ин ғамро коҳиш диҳад ва дилҳои мусибатдидагонро оромиш бахшад. Аз Худованди мутаъол раҳмат ва мағфират бар онон ва сабру аҷр барои бозмондагон масъалат мекунам.

Шашуми январ як киштии бории чинӣ-гонконгӣ дар савоҳили шарқи Чин ба як нафткаши эронӣ бархурд кард. Ин ҳодиса сабаби таркиш ва оташсӯзӣ дар нафткаши Эрон шуд. Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон рӯзи якшанбе ғарқ шудани нафткаши эронии Санчӣ ва ҷон бохтани 32 хадамаи ин киштиро таъйид кард. 30 хадамаи ин нафткаш, эронӣ ва 2 хадама бангладешӣ буданд.

Барчасп