Феврал 14, 2018 21:32 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи расмии давлати Ҳинд дар бораи сафари Рӯҳонӣ ба Деҳлии Нав

Вазорати умури хориҷаи Ҳинд дар баёнияе дар бораи сафари раисҷумҳури исломии Эрон ба Ҳинд, барномаҳои ин сафарро шарҳ дод.

Вазорат дар баёнияе эълом кард, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон аз 15 феврал ба муддати се рӯз ва ба даъвати Нарендра Муди, нахуствазири он кишвар ба Деҳлии Нав сафар хоҳад кард .

Дар ин баёния омадааст: Пас аз истиқболи расмӣ аз раисҷумҳури исломии Эрон, Рӯҳонӣ ба таври ҷудогона бо раисҷумҳур ва нахуствазири Ҳинд дидору гуфтугӯ хоҳад кард .

Дутараф дар ин дидор, пешрафти ба дастомада дар равобити дуҷонибаи байни Эрону Ҳиндро баррасӣ ва ҳамчунин дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар хоҳанд кард .

Файнаншал Экспрси Ҳинд навишт, Эрону Ҳинд дар ин сафар илова бар қарордоди 500 миллион долларӣ барои тавсеаи бандари Чобаҳори Эрон, дар мавриди имкони сохти як маҷмуаи хати лула аз зери дарё аз Ховари Миёна ба Ҳинд табодули назар хоҳанд кард .