Эътои болотарин нишони давлатии кишвари Боливия ба вазири хориҷаи Эрон
Болотарин нишони давлатии кишвари Боливия ба вазири умури хориҷаи Эрон эъто шуд.
Ба гузориш ИРНА, болотарин нишони давлатии кишвари Боливия шаби гузашта, баъд аз суханронии Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири амури хориҷаи Эрон дар бузургтарин ҳамоиши иқтисодии ду кишвар, аз сӯйи Дейвид Чокеҳуанка, (David Choquehuanca), вазири умури хориҷаи Боливия ба вай эъто шуд.
Номи нишони давлатии кишвари Боливия "Кондор де Лос Андис" аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар ҳафтаи гузашта ба Амрикои лотин сафар кардааст, рӯзи ҷумъа дар панҷумин мақсади сафараш, вориди Сантакруз, пойтахти Боливия шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Амрикои лотин, пеш аз Боливия ба Куба, Никарагуа, Эквадор ва Чили сафар ва бо мақомоти ин кишварҳо дидор ва гуфтугӯ карда буд.
Як ҳайати иқтисодии 60 нафара аз масъулон ва мудирони олии бахши хусусӣ ва беш аз 20 нафар аз мудирони бахшҳои иқтисодии давлати Эрон Зарифро дар сафар ба Амрикои лотин ҳамроҳӣ мекунанд.
Раиси дастгоҳи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз Боливия ва дар охирин мақсади ин сафар ба Каракас, пойтахти Венесуэла сафар мекунад.