Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Ҳузури Эрон дар минтақа иртиботе ба Амрико ва Аврупо надорад
(last modified 2018-03-08T13:49:11+00:00 )
Март 08, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Ҳузури Эрон дар минтақа иртиботе ба Амрико ва Аврупо надорад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, дар ҳоле ки Амрикго дар ҳамаҷо ҳузури муфсидона ва фитнагарона дорад, мураттабан дар бораи ҳузури Эрон дар минтақа, шубҳаофаринӣ мекунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи панҷшанбе дар остонаи вилодат бо саодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо), дар дидори ҳазорон нафар аз шоирон ва ситоишгарони аҳли байт (алайҳиссалом), дар посух ба суханони мақомҳои амрикоӣ ва аврупоӣ дар мухолифат бо ҳузури минтақаии Эрон, хотирнишон карданд: Оё мо барои ҳузур дар минтақа бояд аз Амрико иҷоза бигирем? Эшон тасреҳ карданд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳузур дар минтақа бояд бо давлатҳои минтақа музокира ва гуфтугӯ кунад на бо амрикоҳо, Ҳар гоҳ хостем дар Амрико ҳузур пайдо кунем бо шумо гуфтугӯ мекунем!”

Эшон дар посух ба мақомҳои аврупоӣ бино бар тамоюл ба музокира бо Эрон дар бораи ҳузур дар минтақа низ, муҷаддадан ҳамин нуктаро мавриди таъкид қарор доданд ва гуфтанд: “Ин масъала ба шумо чӣ марбут аст?”

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон бо миллатҳои минтақа музокира мекунад, қарор гузошта, пеш рафта ва пештар ҳам хоҳад рафт”.

Эшон дар идома, чиҳил сол тавтеаи мустамар ва беназири душманон зидди миллати Эрон ва дар айни ҳол боландагӣ ва пешрафти рӯзафзуни шаҷараи тайбаи инқилобро, мояи ифтихор ва нишонаи лутфи илоҳӣ хонданд ва гуфтанд: “душманони Эрон аз чанд моҳ қабл дар утоқҳои фикр даври ҳам нишастанд ва барои се моҳи охири соли тарроҳӣ карданд, ки ба хаёли худ кори Ҷумҳурии исломиро тамом кунанд”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, тарҳи масоиле ҳамчун "адолати ҷинсиятӣ" дар суханони ғарбиҳоро зоҳирӣ ва масъалае холӣ аз воқеият донистанд ва бо ишора ба изъони теъдоди зиёде аз занони соҳибмақоми ғарбӣ дар моҳҳои ахир ба қарор гирифтан дар маърази сӯиистифода ва хушунат дар ҷараёни масоили идорӣ, гуфтанд, Ислом ба василаи ҳиҷоб, дарро бар рӯи ин нуқтаи инҳироф баста аст, бино бар ин ҳиҷоби исломӣ василаи масуният(муҳофизат)-и зан аст.

Эшон бо таъкид бар инки парчами истиқлоли ҳувиятӣ ва фарҳангии занон дар дасти занони эронӣ аст, афзуданд, бонувони эронӣ бо ҳифзи ҳиҷоб, истиқлоли ҳувиятӣ ва фарҳангии худро ба дунё содир ва ин сухани ҷадидро эълом мекунанд, ки зан метавонад бо ҳифзи ҳиҷоб ва ифоф (покдоманӣ) ва ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи мардони бегона ва зиёдаталаб, дар маёдини иҷтимоӣ ҳузури фаъол ва муассир дошта бошад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо интиқод аз касоне, ки конуни хонаводаро таҳқир ва ин гуна вонамуд мекунанд, ки "адолати ҷинсиятӣ яъне дар ҳар арсае, ки мардон ҳузур доранд, занон низ ҳузур дошта бошанд", ин корро хиёнат ба занон ва ҳурмат ва шахсияти онон донистанд ва гуфтанд, зан, мӯҳтарам аст ва ҳеҷ кас мухолифи ҳузури ӯ дар маёдини иҷтимоӣ ва таҳсили илм ва касби масъулият нест.

Эшон афзуданд, ин ҳунари Инқилоби Исломӣ аст, ки имрӯз занони эронӣ ҷузви беҳтарин донишмандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ ҳастанд, зеро қабл аз инқилоб ин гуна набуд ва теъдоди занони бартар дар бахшҳои илмӣ ва фарҳангӣ, бисёр маҳдуд буд.

 

Барчасп