Тафсир. “Тӯфонулақсо” зилзилае геополитикӣ барои тағйири масири таърих, Фидокории фаластиниҳо барои ҷаҳон
(last modified 2024-10-09T10:17:21+00:00 )
Октябр 09, 2024 15:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷангафрӯзиҳои Исроил дар Ғазза ва Лубнон бо ҳимояти Амрико
    Ҷангафрӯзиҳои Исроил дар Ғазза ва Лубнон бо ҳимояти Амрико

Порс-тудей. Муаррихи яҳудӣ - амрикоӣ дар матлабе дар рӯзномаи англисии “Гардиан” ба наҳваи бархӯрди исроилиҳо бо ҷиноятҳои артиши худ дар Ғазза ва Лубнон пардохт.

Порс-тудей. Нашрияи электронии “Кредл” дар таҳлили ахири худ ба “Тӯфонулақсо” ва дар нуқтаи муқобили он шароратҳои Исроил бо ҳимояти Амрико дар Ғазза ва Лубнон пардохтааст.

Нашрияи электронии “Кредл” дар ҷадидтарин ёддошти таҳлилии худ ба чигунагии шаклгирии “Тӯфонулақсо” пардохта ва аз он ба “заминларзае геополитикӣ” таъбир кардааст.

Ба гузориши “Порс-тудей”, дар ин таҳлил дар айни ҳол аз ҷангафрӯзиҳои Исроил мағфул намонда ва аз он ба унвони ҷанге густардаву фаротар аз марзҳо ва сарҳадот ёд шудааст, ки авоқибаш мутаваҷҷеҳи кулли сокинони кураи хокӣ хоҳад буд.

Ғассон Ҷавод, нависандаи ин таҳлил бар ин бовар аст, ки амалиёти “Тӯфонулақсо”-ро набояд ба таври муҷаззо, балки бояд ба унвони падидае дар иртибот бо соири рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳон, назири ҷанг дар Украина баррасӣ кард, ки ҳосили тағйироти геополитикӣ дар солҳои ахир ва ороиши ҷадиди қудратҳои ҷаҳонӣ ва боло гирифтани танишҳо дар Ғарби Осиё аст.

Нависанда бо ишора ба ҷангафрӯзиҳои Исроил дар Ғазза ва Лубнон, онро бахше аз пружаи густардаи Амрико барои минтақа дар зайли “Муомилаи қарн” қаламдод мекунад. Муомилае, ки ҳадафаш дигаргунии решаии назми геополитикии минтақа аст, ба наҳве, ки контроли манобеъ, банодир ва масирҳои тиҷориро барои Ғарб тазмин ва дар айни ҳол ҷамъиятҳоро ба инқиёд бикашад то султаи Ғарб бар онҳо идома ёбад.

Вай бо канори ҳам қарор додани ин ду рӯйдод тасвире равшан аз ҳарду ба даст медиҳад: Дар як сӯ шароратҳои Исроил ва дар сӯи дигар “Тӯфонулақсо” қарор дорад.

Ба гуфтаи нависанда, аз манзари Ғарб мардуми рӯи замин касоне ҳастанд, ки бояд баҳои онро бипардозанд: чӣ дар Украина бошанд, чӣ дар Ғазза ва чӣ дар ҷоҳои дигар.

Аз манзари ӯ “Тӯфонулақсо”, ки талоши миллати Фаластин аст, низ барои тағйири масири таърих ва дар ҷиҳати муқобили назми ғарбӣ қарор дорад.

 

Барчасп