Солрӯзи милоди ҳазрати Алӣ (а) хуҷаста бод!
Дар шаби милоди имом Алӣ алайҳиссалом саросари Эрони исломӣ ғарқи ҷашну сурур аст.
Шанбе сездаҳуми моҳи Раҷаби соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробари 31 марти 2018, солрӯзи милоди ҳазрати амиралмуъминин Алӣ (а) аст.
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) сездаҳуми моҳи Раҷаб дар ҳоле, ки девори хонаи Каъба ба рӯи модарашон Фотима бент Асад шикофт ва ӯ вориди хонаи Каъба шуд, дар он макони муқаддас мутаваллид шуданд.
Ҳазрати Алӣ (а) аз даврони навҷавонӣ назди расули гиромии ислом (с) парвариш ёфтанд. Эшон нахустин фарде буданд, ки ба ислом имон оварданд ва дар ҳама мароҳили таблиғ ва тарвиҷи дини мубини ислом аз сӯи набии акрам (с), аслитарин ёвари он ҳазрат ба шумор мерафтанд.
Дар тақвими ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи вилодати имоми аввали шиаёни ҷаҳон, рӯзи падар номгузорӣ шудааст.
Мардуми саросари Эрон, солрӯзи милоди ҳазрат имом Алӣ (а)-ро, ки дар ҳақиқат падари имомат ҳастанд, гиромӣ медоранд ва илова бар ҳузур дар маконҳои муқаддас ва баргузории ҷашн, барои табрики рӯзи падар ва гиромидошти шахсият ва ҷойгоҳи падар, ба дидани падарон мераванд.
Бахши тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ (а)-ро ба мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.