Апрел 22, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористии Кобулро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи террористии имрӯз дар кобл, пойтахти Афғонистон, ин ҳамларо иқдоме ҷинояткорона ва ғайриинсонӣ унвон кард.  

Гурӯҳи террористии ДИИШ якшанбе ба як маркази сабти номи раъйдиҳандагон дар ғарби Кобул ҳамла кард. Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон теъдоди кушташудагони ин ҳамлаи террористиро 31 нафар ва теъдоди маҷрӯҳонро 57 нафар эълом кард.  

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бо таслият ба давлату миллати Афғонистон ва хонаводаи қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ибрози умедворӣ кард, бо ирода ва талошҳои муштарак дар куллияи сутуҳи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ, ба зудӣ терроризм дар тамоми абъод ва ашколи он дар минтақа ва ҷаҳон нобуд шавад.  

Ин панҷумин ҳамла ба марокизи интихоботӣ дар Афғонистон дар чанд рӯзи гузашта аст.  

 

Барчасп