Интиқоди Русия аз гузориши дабири кулли Созмони милал дар бораи иҷрои тавофуқи ҳастаӣ
(last modified 2016-07-19T08:03:01+00:00 )
Июл 19, 2016 13:03 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз гузориши дабири кулли Созмони милал дар бораи иҷрои тавофуқи ҳастаӣ

Намояндаи доими Русия бо интиқод аз гузориши шашмоҳаи дабири кулли Созмони милал дар бораи иҷрои тавофуқи ҳастаӣ, онро сиёсӣ ва манобеи тадвини ин гузоришро номуътабар донист.

Намояндаи доими Русия дар Созмони милал гузориши дабири кулли ин созмон дар бораи иҷрои БАРҶОМ-ро сиёсӣ ва ғайри қобили қабул донист.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи "Хабар", Виталий Чуркин ангезаи гузориши Бон Ки Мун, дабири кулли СММ дар бораи иҷрои БАРҶОМ -ро сиёсӣ ва равишҳову манобеи додаҳои онро ғайри қобили қабул донист ва таъкид кард, ин гузориш монеи билқувва бар сари роҳи иҷрои ин тавофуқ аст.

Виталий Чуркин гуфт: "Дар ин санад иштибоҳоти фоҳише мушоҳида мешавад ва равишҳое, ки аз онҳо барои гирдоварии додаҳо истифода шуда, ба ҳеч унвон қобили қабул нест".

Ин дипломати рус гуфт: "Дабири кулли СММ дар гузориши худ навиштааст, ки санади БАРҶОМ имзо шудааст, дар ҳоле ки санади БАРҶОМ ҳаргиз имзо нашудааст ва дигар ин ки вай барои гирдоварии додаҳои худ ба расонаҳои гурӯҳии бархе кишварҳои хос ишора кардааст, дар ҳоле ки дабирхонаи СММ танҳо бояд ба манобеъ ва гузоришҳои расмии таъйидшуда истинод кунад".

Дабири кулли СММ дар гузориши шашмоҳаи худ ба Шӯрои амният дар бораи иҷрои БАРҶОМ, озмоиши мушакҳои боллистики Эронро нақзкунандаи рӯҳи тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ донистааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо эълом кардааст, ки барномаи мушакиаш комилан ҷанбаи дифоӣ дорад ва барои ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ тарроҳӣ нашудааст ва ноқизи қатъномаи 2231 Шӯрои амният нест.

 

Барчасп