60 дарсади паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Эрон босавод шуданд
Раиси Созмони наҳзати саводомӯзии Эрон гуфт: 60 дарсад аз паноҳҷуён дар Эрон босавод шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Алӣ Боқирзода дар ифтитоҳияи маросими тарҳи саводомӯзии кӯдакон ва навҷавонон афғонистонӣ дар Теҳрон, сатҳи саводро бар асоси гузоришҳо дар кишвари Афғонистон, 50 дарсад эълом кард.
Ӯ афзуд: Шохиси саводи шаҳрвандон ва паноҳҷуёни афғонистонӣ дар соли вуруд ба Эрон, шаш дарсад буд ва дар ҳоли ҳозир бар асоси натоиҷи саршумории соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ ба 60 дарсад расидааст.
Боқирзода тасреҳ кард: Созмони наҳзати саводомӯзӣ дар соли 1396 ҳиҷрии шамсӣ беш аз 27 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, хусусан Афғонистонро таҳти пӯшиши барномаҳои саводомӯзӣ қарор додааст.
Ӯ афзоиши шохиси саводи шаҳрвандони хориҷӣ дар Эронро баёнгари фароҳам шудани фурсати омӯзиши ройгон ва баробар барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон донист.