Май 17, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
  • 23 донишгоҳи Эрон  дар феҳрасти донишгоҳҳои бартари дунё

Сарпарасти Пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони ислом (ISC) бо ишора ба интишори рутбабанддии ҷадиди «Лейден» дар соли 2018, афзуд, тибқи ин рутбабандӣ, 23 донишгоҳ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи 938 донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ гуфт, дар соли 2018, донишгоҳҳои дунё дар 9 шохис дар қолаби ду меъёри куллӣ, марҷаъияти илмӣ ва дипломатияи илмӣ дар «Лейден» мавриди рутбабандӣ қарор гирифтанд.

“Лейден” яке аз низомҳои мӯътабари арзёбии донишгоҳӣ аст, ки ҳар сола донишгоҳҳои бартари дунёро бар асоси шохисҳои мӯътабари илмсанҷӣ мавриди арзёбӣ ва рутбабандӣ қарор медиҳад.

Деҳқонӣ бо баёни инки пештар низ дар соли гузашта, 18 донишгоҳи эронӣ дар феҳрасти 902 донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифта буданд, афзуд, баррасии донишгоҳҳои Эрон дар рутбабандии "Лейден" ҳокӣ аз он аст, ки ҳар сола амалкарди донишгоҳҳои кишвар дар ҳоли рушд будааст.

Ба гуфтаи вай, Эрон ҳамчун солҳои гузашта дар байни кишварҳои исломӣ рутбаи нахустро ба лиҳози теъдоди донишгоҳи бартар дар ихтиёри худ дорад.

Сарпарасти Пойгоҳи истиноди улуими ҷаҳони Ислом (ISC) афзуд, бар асоси охирин рутбабандии “Лейден”, Эрон бо 23 донишгоҳи бартар нисбат ба дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия бо 19 донишгоҳи бартар, Малайзия бо 5 донишгоҳ ва Арабистон бо 4 донишгоҳ, бештарин рушдро байни донишгоҳҳои бартари дунё доштааст.

 

Барчасп