Интиқоли сафорати Амрико ба Қудс - муҳимтарин фоҷиаи ҷаҳон
(last modified Fri, 18 May 2018 10:50:34 GMT )
Май 18, 2018 15:50 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли сафорати Амрико ба Қудс - муҳимтарин фоҷиаи ҷаҳон

Имоми ҷумъаи Теҳрон гуфт: Интиқоли сафорати Амрико ба Қудс муҳимтарин фоҷиа ва мусибати имрӯз барои ҷаҳон аз замони таъсиси режими ғайриқонунии саҳюнистӣ аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козимии Саддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, интиқоли сафорати Амрико ба Қудсро хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи машрӯъи фаластиниён дар сарзамини модариашон донист ва гуфт: Фаластиниён дар баробари ин иқдоми Амрико ба по хостанд ва низомиёни саҳюнистӣ ононро қатли ом карданд.

Ҳуҷҷатулислом Саддиқӣ гуфт: Бо вуҷуди эътирози миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон ба ҷиноятҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ, мутаассифона бархе аз кишварҳои арабӣ ва таҳти султаи Амрико ва Ғарб дар баробари ҷиноятҳои ин режим сукут кардаанд.

Имоми ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, иқдоми режими саҳюнистӣ дар куштори фаластиниён ҳаракати рӯ ба заволи ин режимро суръат додааст.