Бурди таърихӣ дар Санкт-Петербург. Эрон бо пирӯзӣ бар Марокаш ба ҳисоби 1:0 тилисми 20-соларо шикаст
(last modified 2018-06-16T10:13:14+00:00 )
Июн 16, 2018 15:13 Asia/Dushanbe
  • Бурди таърихӣ дар Санкт-Петербург. Эрон бо пирӯзӣ бар Марокаш ба ҳисоби 1:0 тилисми 20-соларо шикаст

Миллипӯшони футболи Эрон муваффақ шуданд бо шикасти тилисми 20 сола, се имтиёзи ширинро дар охирин дақиқаи бозӣ ба ҳисоби худ вориз карданд.

Миллипӯшони футболи Эрон дар аввалин дидори худ дар Ҷоми ҷаҳонии футболи Русия, асри дирӯз ба майдон рафтанд ва пас аз навад дақиқаи пурҳарорат ва пур аз илтиҳоб муваффақ шуданд, аз рӯйи гол ба худии мудофеи ҳариф дар дақиқаи 90+5 ба се имтиёзи муҳим ва албатта ширин даст пайдо кунанд, то бо шикасти марокашиҳо аввалин бозии худро бо муваффақият ба итмом бирасонанд.