Бурди таърихӣ дар Санкт-Петербург. Эрон бо пирӯзӣ бар Марокаш ба ҳисоби 1:0 тилисми 20-соларо шикаст
Июн 16, 2018 15:13 Asia/Dushanbe
Миллипӯшони футболи Эрон муваффақ шуданд бо шикасти тилисми 20 сола, се имтиёзи ширинро дар охирин дақиқаи бозӣ ба ҳисоби худ вориз карданд.
Миллипӯшони футболи Эрон дар аввалин дидори худ дар Ҷоми ҷаҳонии футболи Русия, асри дирӯз ба майдон рафтанд ва пас аз навад дақиқаи пурҳарорат ва пур аз илтиҳоб муваффақ шуданд, аз рӯйи гол ба худии мудофеи ҳариф дар дақиқаи 90+5 ба се имтиёзи муҳим ва албатта ширин даст пайдо кунанд, то бо шикасти марокашиҳо аввалин бозии худро бо муваффақият ба итмом бирасонанд.