Футболисти эронӣ беҳтарин бозикуни Осиё дар Ҷоми ҷаҳонӣ
Муртазо Пуралиганҷӣ, футболисти эронӣ, бар асоси назарсанҷии сойти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар садри беҳтарин бозикуни қораи Осиё дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 қарор дорад.
Сойти Конфедератсияи футболи Осиё, панҷ бозикуни бартари осиёии ҳозир дар Ҷоми ҷаҳонии Русияро интихоб кард ва аз корбарони худ хост, то беҳтарин бозикуни ин қораро интихоб кунанд.
Дар ниҳоят Муртазо Пуралиганҷӣ бо 95 дарсади оро, қотеъона дар садр қарор гирифт ва интихоби ӯ ба унвони беҳтарин бозикуни қораи Осиё дар Ҷоми ҷаҳонӣ аз назари сойти AFC, ҳатмӣ аст.
Муртазо Пуралиганҷӣ (Эрон), Даниил Арзани (Австралия), Чу Хюн Ву (Южная Корея), Гаук Шибасаки (Ҷопон) ва Салмон Фараҷ (Арабистон) панҷ бозикуни мунтахабе ҳастанд, ки коршиносони AFC интихоб кардаанд.
Ҷоми ҷаҳонии 2018 аз чаҳордаҳуми июн оғоз шуд ва то понздаҳуми июл дар Русия, идома дорад.
Тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия бо Испания, Португалия ва Мағриб ҳамгурӯҳ буд ва бо касби 4 имтиёз ва бо амалкарде дархури таҳсин бо Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018-и Русия, Худо ҳофизӣ кард.