Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Кӯчактарин ҳамоқат аз сӯи Амрико ва режими Исроил, онҳоро пушаймон хоҳад кард
(last modified 2018-08-24T11:43:59+00:00 )
Август 24, 2018 16:43 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Кӯчактарин ҳамоқат аз сӯи Амрико ва режими Исроил, онҳоро пушаймон хоҳад кард

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, бо баёни ин ки Амрико нигарони амнияти режими Исроил аст, гуфт, кӯчактарин ҳамоқат аз сӯи Амрико ва режими Исроил, онҳоро пушаймон хоҳад кард ва ҳазорон мушаки неруҳои муқовимат омодааст, то Тел Авивро бо хок яксон кунад.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо ишора ба баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон мабни бар ин ки ҷанге рух нахоҳад дод, зеро амрикоиҳо медонанд, ки ин ҷанг саддарсад ба зарарашон тамом хоҳад шуд, изҳор кард, қудрати боздорандагӣ ва тавони низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, омили муҳимме аст, ки Амрикоро аз ҷанг бо Эрон боз медорад.

Муваҳҳиди Кирмонӣ бо баёни ин ки Амрико ба думболи манофеи худ дар минтақаи ғарби Осиё аст, афзуд, давлати Амрико дар БАРҶОМ собит кард, ки наметавон ба ин кишвар эътимод кард ва бо онҳо вориди музокира шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба ҳамроҳ гурӯҳакҳои террористии зиддиинқилоб умедвор ҳастанд ба низоми исломӣ зарба бизананд, аммо онҳо ноком хоҳанд монд ва мардуми Эрон аз Инқилоби исломӣ даст бар намедоранд.

 

Барчасп