Рӯҳонӣ фаро расидани рӯзи миллии Қирғизистонро табрик гуфт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37759-Рӯҳонӣ_фаро_расидани_рӯзи_миллии_Қирғизистонро_табрик_гуфт
Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме фаро расидани рӯзи миллии Қирғизистонро ба давлат ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ фаро расидани рӯзи миллии Қирғизистонро табрик гуфт

Раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме фаро расидани рӯзи миллии Қирғизистонро ба давлат ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.  

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар паёме ба Сооронбай Жеенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ маҳдудияте барои тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳо бо Қирғизистон қоил нест.

Рӯҳонӣ бо баёни инки дар партави иродаи руасои ҷумҳур ва талоши мақомоти Эрон ва Қирғизистон, муносиботи маваддатомези дуҷониба дар чорчуби эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак дар абъоди мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, тавсеа ва густариш ёфтааст, ибрози умедворӣ кард: Бо иҷрои тавофуқоти анҷомгирифта, муносиботи ҳамаҷониба таҳким ва таъмиқ ёбад.