Фармондеҳи муаззами кулли қуво: Қароргоҳи падофанди ҳавоӣ дар хати муқаддами муқобила бо душманони Эрон аст
(last modified 2018-09-02T11:35:40+00:00 )
Сентябр 02, 2018 16:35 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи муаззами кулли қуво: Қароргоҳи падофанди ҳавоӣ дар хати муқаддами муқобила бо душманони Эрон аст

Фармондеҳи муаззами кулли қуво қароргоҳи падофанди ҳавоии артиши ҷумҳурии исломии Эронро бахше бисёр ҳассос аз нерӯҳои мусаллаҳ ва дар хати муқаддами муқобила бо душманони Эрон хонданд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори фармондеҳони қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиё (с)-и артиши ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба муносибати рӯзи падофанди ҳавоӣ баргузор шуд, бар афзоиши омодагиҳо ва тавонмандиҳои падофанди ҳавоии артиш ва коркунони он таъкид карданд ва афзуданд: Аз лиҳози муҳосиботи сиёсӣ эҳтимоли вуқуи ҷанги низомӣ вуҷуд надорад.  

Фармондеҳи муаззами кулли қуво таъкид карданд: Нерӯҳои мусаллаҳ бояд бо ҳушёрӣ ва бо мудирияти коромад ва чобук, тавоноиҳои инсонӣ ва таҷҳизотии худро рӯз ба рӯз иртиқо диҳанд ва бидонанд ҳар гоме, ки дар ҷиҳати тақвияти омодагиҳои нерӯҳои мусаллаҳ бардошта шавад, як ибодат ва ҳасана дар назди парвардгори мутаол аст.

Дар ин дидор генерал Алиризо Сабоҳифард, фармондеҳи қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиё (с)-и артиш, гузорише аз иқдомот ва барномаҳои ин қароргоҳ баён кард.

Қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиё (с)-и артиши ҷумҳурии исломии Эрон, 31 августи 2008 бо фармони таърихии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба шакле навин таъсис шуд.

 

Барчасп