Раҷаб Сафаров: Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз рукнҳои аслии ҳифзи амнияти ҷаҳонӣ аст
(last modified 2018-09-15T13:00:04+00:00 )
Сентябр 15, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Раҷаб Сафаров: Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз рукнҳои аслии ҳифзи амнияти ҷаҳонӣ аст

Ҷумҳурии Исломии Эрон сипари фӯлодӣ барои кишвари Русия аст ва ҳар рӯз ва ҳар соат аз миллионҳо балои Маскавро наҷот медиҳад. Агар Амрико ва Ғарб бо кӯмаки кишварҳои арабӣ битавонад системаи Ҷумҳурии исломиро иваз кунанд, аз ҳамон соат ва дақиқа, фурӯпошии Русия оғоз мешавад.

Раҷаб Сафаров, мудири Маркази мутолиоти Эрони муосир дар Русия, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним гуфт,ҳамкории Эрон ва Русия дар Сурия, дунё ва саҳнаи сиёсии дунёро тағйир додааст. Ҳамкории хуби Русия ва Эрон нишон дод, ки Амрико бо тамоми нерӯҳо, пулҳо ва қудраташ алайҳи Сурия натавонист ба ҳадафи худ дар ин минтақа бирасад ва баръакс, ин ду кишвар бо ҳамкорӣ боҳам, пирӯз шуданд ва барномаҳои Амрикоро барҳам заданд.

Вай дар идома ба мавзӯоти матраҳшуда дар аввалин конгресси нерӯҳои сулҳҷӯ дар дунё, ки дар Русия баргузор шуд, ишора кард ва афзуд, дар ин конгресс аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз рукнҳои аслии ҳифзи амнияти ҷаҳонӣ, ёд шуд.

Сафаров афзуд, мо ин Эронро токунун шинохтаем. Агар ин кишвар аз байн биравад ва ё системаи ҳокимият дар он тағйир кунад, амнияти ҷаҳонӣ баҳам мехӯрад.

Вай дар мавриди изҳороти худ дар конгресси нерӯҳои сулҳҷӯи дунё, гуфт, дар он ҷаласа баён кардам, ки Ҷумҳурии исломӣ сипаре фӯлодӣ барои кишвари Русия аст ва ҳар рӯзу ҳар соат аз миллионҳо бало моро наҷот медиҳад. Сиёсати Ҷумҳурии исломӣ дифо аз манофеи худаш аст ва ин дифо ба мо низ кӯмак мекунад. Далели ин мавзӯъ ин аст, ки агар Амрико ва Ғарб бо кӯмаки кишварҳои арабӣ, битавонад системаи Ҷумҳурии исломиро иваз кунанд, аз ҳамон соату дақиқа, фурӯпошии Русия оғоз мешавад. Мо баъд аз чанд рӯз, Осиёи Миёнаро аз даст медиҳем ва чанд моҳ баъди он, Қафқозро аз даст медиҳем. Дар шарқ ва шимоли Эрон садҳо пойгоҳи низомии Амрико ва Ғарб мустақар мешаванд, ки дар он афроде меоянд, ки ҳар рӯз бар марзи Русия ворид мешаванд ва ҳазорон мушкил барои мо эҷод мешавад. Дар чунин мавқеияте, мо бояд миллиардҳо харҷ кунем, то дар амон бимонем.